ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.Дар театри синамои "Октябр"-и шаҳри Маскав шоми 8-уми декабр филми "Суруди Абдул" намоиш дода мешавад.
Филми "Суруди Абдул" ҳуҷҷатӣ буда, қаҳрамони он Абдудмамад Бекмамадов як тан муҳоҷири тоҷик мебошад.
Коргардони филм Анна Маисеенко дар саҳифаи иҷтимоии худ нақл кардааст, ҳатто барои рӯйбардор намудани филм бо муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон ба Помир меравад.
Коргардон ҳаёт ва фаъолияти муҳоҷирро аз наздик мушоҳида намуда, филми мустанади "Садои Абдул"-ро дар тайи чор сол омодаи бинандагон намудааст.
Қаҳрамони филм Абдумамад Бекмамадов ҳарчанд дар Русия ҳамчун коргари оддӣ фаъолият кунад ҳам, ӯ бо намоишномаи "Акын-опера", ки дар он ҷоизаи "Золотая маска"-ро ба даст овардааст, машҳур гардидааст. Абдумамад дорои истеъдоди эҷоди суруд мебошад, ки онро худаш месарояд.