Бародар ва устод: Шевченко дар бораи марги Ҳайдар Ҷамол

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкҲайдар Ҷамол. Акс аз бойгонӣ
Ҳайдар Ҷамол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайдар Ҷамол роҳбари Кумитаи исломӣ дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт. Рӯзноманигор Максим Шевченко даъват мекунад, то барои оромии рӯҳи ӯ дуо кунанд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Журналист Максим Шевченко хабари даргузашти файласуфи машҳур  ва рӯҳонӣ-Ҳайдар Ҷамолро шарҳ дод.

"Ҳозир бародар, устод ва дӯст Ҳайдар Ҷамол вафот кард. Нафароне, ки  дили кушод доранд, барои оромии рӯҳи ӯ дуо кунед",-навиштааст дар саҳифаи Facebook-и худ рӯзноманигор.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар Маскав дар синии 70-солагӣ рӯҳонӣ, яке аз асосгузорони Ҳизби наҳзати ислом, раиси "Кумитаи исломи Русия"  Ҳайдар Ҷамол аз олам даргузашт.

Журналист ҳамчунин дар саҳифааш қайд намудааст, ки Ҳайдар Ҷамол муддати дароз бемор будааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳайдар Ҷамол 6-ноябри соли 1947 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст. Ӯ соли 1995 ташаббускори таъсиси "Ҳараки ҷамъиятии байниминтақавии Кумитаи исломии Русия" шуд.

Муаллифи чандин китобҳо аз қабили, "Озодии ислом", "Инқилоби пайғамбарон" ва ғайраҳо мебошад. Ҳайдар Ҷамол аз солҳои 1970-ум инҷониб бо доираҳои исломии Тоҷикистон ҳамкорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0