ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.Президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ғолибият дар интихоботи президентӣ Ӯзбакаситон муборакбод намуданд.
Ҳамин тавр, яке аз авалинҳо шуда, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон барқияи табрикотӣ ирсол намуда, бо президенти тозаинтихоб сӯҳбати телефонӣ баргузор амуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сӯҳбат ба президенти тозаинтихоби ҳамсоякишвар комёбиҳо таманно намуд ва умедвор гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон рӯ ба густариш меорад.
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамчунин Мирзиёевро шодбош намуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибатҳои Қирғизистон ва Ӯзбакистон беҳтар мешавад ва кишварҳо ба фаъолона бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қариб чор ҳиссаи сарҳади Ӯзбакистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ карда нашудааст, ки сабаби асосии ҷанҷол дар сарҳад мешавад. Танҳо дар се соли охир дар ин ҳудуд якчанд рӯйдодҳо бо истифодаи силоҳ ба амал омадаст.
Дар давоми чанд соли охир муносибатҳои ин кишварҳо рӯ ба бӯҳрон оварда буд. Шавкат Мирзиёев пас аз марги Ислом Каримов дар муносибатҳои ҳамсоякишварҳо навгониҳои зиёд ба амал овард, аз ҷумла бо Қирғизистон муносибатҳои кишвар беҳтар гардид.
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ Шавкат Мирзиёевро муборакбод гуфт.
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон рӯзи якшанбе, санаи 4-уми декабр баргузор гардид. Интихобот бо иштироки 33% шаҳрвандон баргузоргашта эълон карда шуд. Мувофиқи маълумоти КМИ Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев бо гирифтани 88,61% овози интихобкунандагон президенти кишвар эълон шуд.