Дар чорабинии идона ҳайъати фармандеҳ ва афсарони 201 ПҲР, намояндагони сафорати ФР, Белорус, Қазоқистон, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Сарбозон интернатсионалист, ташкилотҳои русӣ ва намояндагони калисои православии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамаи иштирокдорони вохӯрӣ бо лаҳзаи хомӯши тамоми фавтидагонро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ поси хотир намуданд ва ба назди лавҳае, ки дар он рӯйхати Қаҳрамонони тоҷик оварда шудааст гулҳо гузоштанд. Вобаста ба ин сана иштирокдорони гурӯҳи "Хотира 201", ки бо дастгирии фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-ум баргузор мегардид, дар қабристони словянии шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор намуданд.
Санаи 5-уми декабр солгарди ҳуҷуми нерӯҳои Шӯравӣ дар назди Маскав баргузор мешавад. Таърихчиёни соҳаи ҳарбӣ ин муборизаи солҳои 1941-1942-ро яке аз амалиётҳои барҷастаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мешуморанд. Дар муборизаи назди Маскав бригадаҳои кавалерии Тоҷикистони Советӣ иштирок намуда буданд.