ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.Дар интихоботи президентии Ӯзбакистон камбудиҳо ба қайд гирифта шуданд, гуфт роҳбари ҳайъати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба интихоботи президентии кишвар Петер Тейлер, хабар медиҳад РИА Новости.
"Қамбудии ҷиддӣ рӯзи интихобот ба қайд гирфта шуд, аз ҷумла он дар нишонаҳои партофтани бюллетенҳо дида мешавад",- гуфт дар нишасти матбуоти Тейлер.
Интихобот дар Ӯзбакистон рӯзи якшанбе баргузор гардид. Интихобот баргузоршуда дониста шуд, зеро дар он зиёда аз 33% интихобкунандагон иштирок намуданд.