ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 35 сола аз дасти ҳамсояи худ маҷрӯҳ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Ҳодиса санаи 30-юми ноябри соли равон дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суиқасд ба куштор дастгир намуданд.
"Гумонбаршуда, рӯзи 30-юми ноябр, тахминан соати 15:30 дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бо марди 35-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7-маротиба ба узвҳои баданаш задааст",-омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.