ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи тасаллият ба президенти Бразилия Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа ба осебдидагон шифои комил таманно кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ дар нома аз ҷумла омадааст: "Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар, ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд, боиси андӯҳи мо гардид. Ба мардуми дусти Бразилия изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон бирасонед".
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба осебдидагон шифои комилро таманно кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 29-уми ноябри соли равон, ҳавопаймо, ки дар дохилаш 81 нафар, аз ҷумла бозигарони тими Бразилия қарор доштанд, суқут кард. Дар пайи садама 75 нафар ба ҳалокат расида, чандин тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.