ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар рафти сафари корӣ ба Прага президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чехия Милош Земан ду ҳуҷҷат ба имзо расонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Сухан дар бораи бастани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар меравад, менависад манбаъ.
Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чехия руйдоди пурарзиш маънидод намуданд, менависад хадамоти матбуот.
Интизор меравад, ки имрӯз баъди анҷоми кори Форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия боз ду санади нав — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расад, омадааст дар хабар.