Отамбоев: дар ҳукумат ворис надорам

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, акс аз бойгонӣ
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев эълон намуд, ки дар Қирғизистон баъди як сол тағйири ҳукумат ба вуҷуд меояд. Мӯҳлати ваколати президент охири соли 2017 ба итмом мерасад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik.Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев эълон намуд, ки ӯ баъди расо як сол аз сари ҳукумат меравад.

Отамбоев соли 2011 президенти Қирғизистон интихоб гардидаст ва ваколати вай дар ин вазифа охирҳои соли 2017 ба итмом мерасад.

"Имрӯз санаест, ки панҷ сол пеш ман ба сари ҳукумат омада будам. Яъне соли шашум меравад. Вақт хело зуд мегузарад, ман намехоҳам шикоят кунам, фикр мекунам, ки бо кӯмаки шаҳрвандони Қирғизистон тавонистаам бисёр амалҳоро ба анҷом расонам. Кишвари мо ҳоло тамоман дигар шудааст. Ман баъяд аз соле аз сари ҳукумат меравам ва баъди ду се сол маълум мешавад, ки чӣ амалҳоро тавонистам ба анҷом расонам",- гуфт пешвои Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотии ҷамъбасти солона.

Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев мехоҳад, ки Мирзиёев президенти Узбакистон шавад

Отамбоев гуфт, ки дар бораи президентӣ ояндаи Қирғизистон чизеро намедонад, " аммо асосаш он, ки як нафар натавонист кишварро ба гузашта набарад". Шумо медонед, ки ба курсии президент хосторони зиёд ҳастанд ва аз ин ҳам бештар мешаванд. Ман аз он хурсандам, ки мо дар ҳукумат ворис надорем. Ин маънои онро дорад, ки мо тавонистем ҷумҳурии демократӣ бунёд кунем. Ман фикр мекунам, ки интихоботи минбаъдаи президентиро бояд моҳи октябр, агар парлумон иҷоза диҳад, баргузор кард. Ман ҷонибдори он, ки тартиби муқаррар намудаи Сарқонун ҷиҳати баргузории интихоботи президентӣ бо дар назардошти анҷоми ваколати ӯ бидуни шакк риоя шавад.

Ман якчанд номзадҳоро медонам, аммо наметавонам онҳоро ҳоло номабар кунам.

президент гуфт, ки ба вай фарқе надорад, ки кӣ ба сари ҳукумат меояд- намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии президент ва ё аз мухолифин,- "асосаш он бояд ҳизбе бошад, ки ҷиддӣ фаъолият мекунад".

Чуноне ки Отамбоев мегӯяд, агар то  соли 2020-ум ду ҳизби фаъол ба вуҷуд меомад, хело хуб мешуд. Зеро онҳо метавонистанд дар парлумон якдигарро иваз кунанд ва ба сари ҳукумат омадани сиёсатмадори бенуфузро пешгирӣ мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0