Русия ва Тоҷикистон нақшаи кории соли 2017-ро кашиданд

© Фото : Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкВазирони вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Русия нақшаи кории соли 2017-ро имзо карданд
Вазирони вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Русия нақшаи кории соли 2017-ро имзо карданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия генерал Сергей Шойгу изҳори боварӣ кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соли 2016 барои рушди муносибатҳо дар соли оянда заминаи хуб хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазири мудофиаи Русия генерал Сергей Шойгу ва ҳамтои ӯ аз Тоҷикистон генерал-лейтинант Шералӣ Мирзо нақшаи ҳамкориҳои байнивазоратҳои ду кишварро имзо карданд.

"Аз дидори шумо ва ҷамъбаст намудани ҳамкориҳоямон дар  соли 2016 ва ба имзо расонидани нақшаи корӣ барои соли 2017 шодем",-гуфт Шойгу зимни вохӯрӣ бо Шералӣ Мирзо.

Машқҳои муштараки Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ ҳазор низомӣ ва 1,5 ҳазор адад техника: тамриноти низомиёни рус дар Тоҷикистон

Вазири мудофиаи Русия генерал Сергей Шойгу изҳори боварӣ кард, ки ҳамкориҳои вазоартҳои мудофиаи  ду кишвар дар соли 2016 барои рушди муносибатҳои  онҳо дар соли оянда заминаи хуб хоҳад шуд.

"Дар минтақаи мураккаб ва ноором, албатта корҳое, ки аз ҷониби шумо ҷиҳати таъмини амният дар сарҳади Афғонистон анҷом дода мешаванд, дастгирӣ меёбанд.  Ва мо кӯшиш мекунем, он нақшаҳое, ки оиди таҳкими пойгоҳи 201 ҷиҳати таҳкими қувваҳои байналмиллалӣ анҷом дода шаванд",-хулоса кард вазир.

Лентаи хабарҳо
0