ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имрӯз дар Душанбе во хӯрда, масъалаи барқарор намудани ҳаракатҳои ҳавоиро байни кишварҳо баррасӣ мекунанд.
"Ҳайъати нақлиётии Ӯзбакистон, ки ба таркиби онҳо намояндагони Ширкати ҳавои миллии "Ўзбекистон ҳаво йўллари"низ дохил мешавад, бо фаъолияти ҳамаи хадамотҳои фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, бо мақсади огоҳӣ аз шароити омодагии фурудгоҳ барои қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳо ва барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, шинос мешаванд",- гуфт ба РИА Новости котиби матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи боздиди ҷониби Ӯзбакистон тарафҳо созишномаи барқарор намудани ҳаракатҳои ҳавоиро ба имзо мерасонанд.
Пештар хабар дода шуд, ки ҳаракатҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба Тошканд аз аввали соли 2017 барқарор мешаванд.
Дар мобайни моҳи ноябр ба Тошканд ҳайъати Тоҷикистон сафар намуд, ки дар таркиби он намояндагони вазоратҳои гуногун, аз ҷумла — Вазорати нақлиёт низ буданд.
Ҳаракатҳои ҳавоӣ байни ду кишвар соли 1992, вақте ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, қатъ шуда буд.