ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ду коргари сохтмон, ки якеашон шаҳрванди Узбакистон мебошад, дар Екатеринбург аз баландии ошёнаи 17-ум сарозер шуда, ба ҳалокат расиданд.
Шахсияти ҳар ду нафар ҳам маълум шудаст. Ин мардони соли таваллудашон 1984 ва 1978 мебошанд. Зодгоҳи шахси дуюм маълум карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти ВАО-и маҳаллӣ ҳодиса имрӯз, 28-ноябр дар ноҳияи ЖБИ дар сохтмони бинои 25-ошёнаи "Олимп", ки дар кӯчаи 40-солагии Комсомол воқеъ аст, ба амал омадааст.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, имрӯз санаи 28-уми ноябр тақрибан соати 10.30 дар мадйони сохтмонӣ дар пайи канда шудани қисми сими сохтмонӣ ду коргар аз ошёнаи 17-ум сарозер шуда, ба ҳалокат расидаанд ",-қайд мекунад прокуратура.
Ба гуфти роҳбари хадамоти матбуоти сарраёсати ВКД-и Русия дар вилояти Свердлов Валерий Горелих ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагон равон карда шуданд.