ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон зиндоние, ки аз муассисаи ислоҳии низомаш сахти шаҳри Хуҷанд, фирор карда буд, дастгир гардид.
Чуноне сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ қайд намуд, Амонуллохон Носирӣ баъди ду рӯзи фирор дар ноҳияи Исфара дасгир карда шуд.
Рӯзи ҷумъа хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи фирор кардани зиндонӣ аз ҳабсхонаи рақами 3-и шаҳри Хуҷанд хабар дод. Дар ҳудуди шаҳр амалиёти ҷустуҷӯи фирорӣ эълон карда шуд.
"Сокини 26-солаи ноҳияи Исфара Амонуллохон Носирӣ шоми 24-ноябри соли равон аз калонияи ислоҳии низомаш сахт фирор кард. Баъди ду шабонарӯз ӯ аз ҷониби пулиси маҳаллии ноҳияи Исфара дастгир гардид",-хабар дод сухангӯи хадамоти матбуоти ВКД-и ҶТ.
Носиров соли 2009 аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бо иттиҳоми ғоратгарӣ ба 14-соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар калонияи низомаш шадид маҳкум карда шуд.
Ин ҳодисаи аввалин фирор аз ҳабсхонаи рақами 3-и шаҳри Хуҷанд набуда, ҳанӯз шоми 17-уми июн Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзо Қаюмов аз ин муассиса фирор карданд. Дар роҳи гурез онҳо яке аз посбонони ҳабсхонаро ба ҳалокат расониданд.
Қаюмов аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расонида шуда, Юсуфов ҷароҳат бардошта, дастгир гардид. Додохонов бошад тавонист аз ҷои ҳодиса ғайб занад. Баъди ду шабонарӯз ӯ дастгир гардид. Ҷинояткорон гурехта нияти ба Афғонистон рафтан ва шомил шудан ба сафи гурӯҳи ҷиноии "Толибон"-ро доштанд. Дар баробари ин моҳи июл ду зиндонии муассисаи ислоҳии назди шаҳри Душанбе, кӯшиши фирор карданд. Онҳо дар мошини ахлоткаш савор шуда, нияти гурехтанро доштанд.