Ҳушдори кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз афтидани яхпораҳо

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЯхбандӣ. Акс аз бойгонӣ
Яхбандӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед ва аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Аз нимаи дуюми имрӯз ҳаво дар сар то сари кишвар рӯ ба гармӣ меорад ва ҳарорати он аз 10 дараҷа боло мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҶТ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода шаҳрвандони Тоҷикистонро аз афтидани яхпораҳои бомҳо огоҳ месозад.

Барф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзҳои сард савор кун: дар Душанбе аксияи "Ҳамсафар" гузаронида мешавад

Захмӣ шудан дар пайи афтидани яхпораҳо хатари чорумин дар фасли  зимистон дониста мешавад. Дар робита бо ин кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, то ҳангоми гузаштан аз роҳравҳо эҳтиёткор бошанд.

"Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гиред ва сар боло кунеду хоҳед донед, ки чӣ мегузарад. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф аст ва ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то осебе ба худатон нарасад",-тавсия медиҳад кумита.

Дар баробари ин тавсия дода мешавад, ки зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед ва   аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед.

Қаблан КҲФ шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ҳуҷуми тундбоди сибирӣ огоҳ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0