Ӯзбакистон ва Туркманистонро пулҳои нав пайваст мекунанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКупрук, акс аз бойгонӣ
Купрук, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони кӯпрукҳои нав боиси зиёд гардидани ҳаракатҳои нақлиётӣ дар ҳар ду самт мегарданд, гуфт президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.Аввалҳои соли оянда дар минтақа калонтарин роҳи автомобилгард ва кӯпрукҳои роҳи оҳан ба воситаи Амударё ба истифода дода мешавад, ки ҳаракатҳои нақлиётии Туркманистон ва Ӯзбакистонро ба ҳам мепайвандад гуфт Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.

Ба истифода додани пулҳои нав, ки дар минтақа калонтарин иншооти нақлиётӣ ба ҳисоб мераванд, ҳаракатҳои нақлиётиро дар ҳар ду самт осонтар мекунад, қайд намуд раисҷумҳури Туркманистон дар Конфронси умумии СММ оид ба нақлиёти устувор дар Ашқобод

Дар навбати худ муовини сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов, ки дар чорбанӣ иштирок дошт, иброз намуд, ки бояд пеш аз ҳама амнияти ҳаракатҳои нақлиётиро таъмин кард.

Вай қайд намуд, ки ҳаҷми молҳои содиротии Ӯзбакистон дар самти ҷануб дар ду соли охир 2 маротиба зиёд гардидааст.

Сабаби асосии ин пешравии иқтисодиро ӯ дар рушди муносибатҳои кишвар бо Эрон ва Туркманистон медонад.

Лентаи хабарҳо
0