Дар Тоҷикистон чорабинии гирифтани изи ангушти шаҳрвандон сар шуд

© Sputnik / Илья ПиталевАсбоб бари гирифтани изи ангушт, акс аз бойгонӣ
Асбоб бари гирифтани изи ангушт, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло нозирони мнтақавӣ ба хонаҳои мардум рафта, бо ёрии таҷҳизоти мобилии махсус изи ангушти шаҳрвандонро мегиранд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.Дар Тоҷикистон барои гирифтани изи ангушти аҳолӣ чорабиниҳо сар шуданд, хабар дод ба рӯзноманигорон котиби матбуоти ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

"Аҳолӣ набояд ба ташвиш оянд, зеро ин чорабинӣ дар чорчӯбаи иҷрои қонун дар бораи бақайдгирии дактиласкопӣ гузаронида мешавад",- иброз дошт ӯ.

Ҳоло иштирокдорон ва инспекторон ба хонаи мардум рафта, изи ангушти шаҳрвандонро мегиранд.

Моҳи ноябри соли гузашта парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро тасдиқ намуд, ки мувофиуқи он ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба сини 16 расидаанд ва шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро гирфтан мехоҳанд бояд аз қайди дактиласкопӣ гузаранд.

"Аксҳои изи ангуштони гирифташуда  дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳангоми тафтишоти ҳодисаҳои ҷиноятӣ  истифода бурда мешаванд",- гуфт котиби матбуоти ВКД.

Дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи қайди дактиласкопӣ" соли 1999 қабул гардид ва соли 2015 ба хотири амният ва кӯмак ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тафтиши ҳодисаҳои ҷиноӣ, бори дигар баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0