ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода духтарчаи 7-сола ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса санаи 23-юми ноябри соли 2016 тахминан соати 17:00-дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ба вуқӯъ пайваст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ", марди 42-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии болои шаҳри Ҳисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст",-омадааст дар хабарнома.
Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.