ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Зиндонӣ аз ҳабсхонаи шаҳри Хуҷанд фирор кард, хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Қайд мегардад, ки ҷинояткор шоми рӯзи 24-уми ноябр аз зиндон фирор кардааст. Дар бораи қазияи мазкур дигар чизе маълум нест.
Мувофиқи маълумот гунаҳкор сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд будааст. Ин ҳодисаи сеюми фирори маҳбусон дар давоми ним сол мебошад.
Шоми 17-уми июн Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзо Қаюмов аз муасссисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фирор карданд. Дар роҳи гурез онҳо яке аз посбонони ҳабсхонаро ба ҳалокат расониданд.
Қаюмов аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расонида шуда, Юсуфов ҷароҳат бардошта, дастгир гардид. Додохонов бошад тавонист аз ҷои ҳодиса ғайб занад. Баъди ду шабонарӯз ӯ дастгир гардид.
Ҷинояткорон гурехта нияти ба Афғонистон рафтан ва шомил шудан ба сафи гурӯҳи ҷиноии "Толибон"-ро доштанд.
Дар баробари ин моҳи июл ду зиндонии муассисаи ислоҳии назди шаҳри Душанбе, кӯшиши фирор карданд. Онҳо дар мошини ахлоткаш савор шуда, нияти гурехтанро доштанд.