ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар Канада аввалин зани ҳиҷобпӯш дар экрани телевизионӣ пайдо шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Номи рӯзноманигор Ҷинелла Масса аст. Ӯ аввалин нафарест, ки бо ҳиҷоб тариқи пахши мустақим дар шабакаи телевизионии Торонто CityNews иҷозаи баромад карданро гирифтааст.
Дар бораи хабари хуш Ҷанелла дар саҳифаи Facebook-и худ навиштааст: "Ташаккури зиёд барои чунин имконият, махсусан замоне, ки муносибати дунёи муосир ба мусулмонон мусбат аст. Замони пешро ба хотир оварда акнун ман дарк мекунам, духтароне, ки мисли ман ҳастанд, барои ба мақсад расидан ягон монеъ надоранд!".
Масса аз соли 2010 инҷониб ба сифати рӯзноманигор фаъолият мекунад ва шурӯъ аз соли 2015 хабарнигори радио аст. Одатан ӯ дар бораи зиндагии мусулмонони муқими Амрико барнома омода мекунад. Акнун ӯ ровии барномаи телевизионӣ шуд
"Бароям хуш аст, вақте дар кӯча маро мешиносанд. Ман дер боз инро интизор будам",-гуфт рӯзноманигор.
Ба қавли нашриёт Ҷинелла журналисти боистеъдод аст. Ӯ қаблан дар шабакаҳои телевизионӣ аз қабили CityNews, CTV, Newstalk 1010 и Rogers Television фаъолият кардааст.