Дар Душанбе хабари сироятёбии кӯдакони рус аз навраси тоҷик санҷида мешавад

© Sputnik / Grigoriy SysoevКор дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Кор дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Иркутск шурӯъ аз 24-ноябр вобаста ба сироятёбии шаш кӯдаки рус бо гепатити А, ки мувофиқи маълумоти ҷониби Русия аз Тоҷикистон оварда шудааст, санҷиш гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабари сироятшавии кӯдакони яке аз мактабҳои вилояти Иркутски Русияро бо гепаптити А аз наврси тоҷик месанҷад, гуфт ба рӯзноманигорон муовини вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷафаров.

"Мо хабари  сироятшавии кӯдакони вилояти Иркутскро ҷиддӣ қабул карда, сироятёбии онҳоро аз навраси тоҷик месанҷем",-менависад РИА Новости аз суханони муовини вазир.

Ҷафаров хабар дод, ки миёнаҳои моҳи октябр наздики 18 ҳазор кӯдакони тоҷик ба гепатити А гирифтор шуданд. "На ҳамаи бемории кӯдакон таҳти назорати духтурон қарор дорад",-илова кард муовини вазири вазорати тандурустӣ.

Дар вилояти Иркутск 24-ноябр вобаста ба сироятёбии шаш кӯдаки рус бо гепатити А, ки мувофиқи маълумоти Сарраёсати тафтишоти ФР аз Тоҷикистон оварда шудааст, санҷиш гузаронида мешавад.

Озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи гирифторони гепатити А дар Тоҷикистон ба 10000 расид

Сухангӯи раёсати НИР-и вилояти Иркутск Светлана Каурова хабар дод, ки шаш хонандаи мактаби ноҳияи Качуг бо нишонии бемории гепатити А дар беморхона бистарӣ гардиданд. Эҳтимол меравад, ки онҳо аз ҳамсинфашон-кӯдаки тоҷик, ки ба наздикӣ бо волидонаш аз Тоҷикистон омадааст, сироят шуда бошанд.

Дар навбати худ сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба журналистон хабар дод, ки "мақомоти дипломатӣ аз хабари сироятёбии мактаббачагон дар ташвиш аст". Ба қавли ӯ хабари мазкур аз ҷониби диаспораи тоҷик дар минтақа санҷида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0