ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.Дар бинои идораи губернатори вилояти Аданаи Туркия, дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ таркиш ба амал омад.
Дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, таркиш ба воситаи автомашинае ба амал омад, ки бо бомба муҷаҳҳаз гардонида шуда буд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ширкати телевизионии NTV.
Қайд карда мешавад, ки яке аз ҷароҳатбардоштагон дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Тибқи маълумотҳо дар натиҷаи таркиш губернатор зарар надидааст. Ба ҷойи ҳодиса якчанд гурӯҳи ёрии таъҷилӣ омада расиданд.
Пештар низ ба воситаи автомобил аъзоёни ҳизби дар Туркия мамнӯи Коргарони Курдистон якчанд таркиш ба амал оварда буданд.