ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.Аз шаҳри Екатеринбург ба Хуҷанд ҷасади се тан муҳоҷири тоҷик равон карда шуд.
Хабар дода мешавад, ки тобути муҳоҷирон ба воситаи ширкатии ҳавоии "Уральские авиалинии" интиқол ёфт. Санаҳои 24-25-уми ноябр тобути чор нафари дигар низ ба Тоҷикистон равон карда мешавад.
Ҳодиса шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ "Абсолют Агро" наздикии деҳаи Юргинскии вилояти Тюмен боиси андӯҳ ва нигаронии ҷомеаи тоҷик гардид. Бар асари алангаи оташ ҳафт нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки ин шаҳрвандон ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд.
Мақомотҳои тафтишотии КТ ФР дар вилояти Тюмен сардори бахши ширкати ҶДММ "Горизонт"-ро дар сар задани сӯхтор, ки боиси марги 7 нафар муҳоҷир гардида, се нафари дигар бистарӣ шудаанд, гункаҳкор медонад.
Ҳоло айбдоршаванда дастгир гардида, то аз ҷониби суд муайян гардидани ҷазо, ба ҳабси хонагӣ равон карда шудааст.