Президент гуфт, ки вазифаашро меърос мондан намехоҳад

© Sputnik / Сергей БондаренкоПрезиденти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки мақсади баъд аз худ ба ҳукумат гузоштани фарзандонашро надорад

ДУШАНБЕ, 24 ноября — Sputnik.Раисҷумҳури 76-сола изҳор дошт, ки намехоҳад  ҳукуматро пас аз худ, ба фарзандонаш меърос гузорад, раванди гузуштани ҳукумат дар Сарқонун қайд шудааст, гуфт вай дар сӯҳбат бо оҷонсии Bloomberg.

"Ман мақсад надорам, ки ҳукумати кишварро ба фарзандонам меърос гузорам. Ман фикр мекунам, ки инамал зебандаи мо нест.. дар ин бора мушаххасан дар Контитутсия омадааст",- гуфт ӯ.

Назарбоев ба саволи он, ки оё мехоҳад, соли 2020-ум низ номи худро ба курсии президенти гузрад, гуфт, ки "ман то соли 2020 дар вазифаам кор хоҳам кард, ҳамон сол мо бо Шумо во мехӯрем".

Мувофиқи Конститутсияи ҶҚ ҳангоми саривақт рафтани президент аз вазифа ва ё вафоти раисҷумҳур, муваққаиан вазифаи президентӣ ба сенати парлумон мегузарад.

Духтари калонии президент Назарбоева Дагира моҳи сентябри соли 2016 раиси кумитаи доимии палатаи болоӣ оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, мудофиа ва амният таъин гардид. Духтари мобайнии президент  Динара Қулибоева бошад, якҷоя бо шавҳараш Темур Қулибоев яке аз бонкҳои калонтарини Қазоқистонро идора мекунанд.Духтари хурди президент бо тиҷорти сохмонӣ машғул аст.

Лентаи хабарҳо
0