ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Санаи 22 ноябри соли 2016 иштирокчиёни фестивали байналмиллалии "Рақс моро муттаҳид мекунад", ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.
Дар шаҳр меҳмононро бо гулдаста ва нону намак пешвоз гирифтанд. Ҷашнвора ба 100-солагии асосгузори санъати хореографи тоҷик Ғаффор Валаматзода бахшида шудааст.
"Дар бинои нави Театри вилоятии мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи консертии якҷояи Ансамбли тарона ва рақси "Кубанская казачья волнитса"-и Русия, гурӯҳи рақсии Иттиҳодияи консертии Чин, инчунин санъаткорони шаҳри Қурғонтеппа манзури ҳаводорони санъати рақс гардид",-омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин дар доираи ҷашнвора шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода баргузор гардид.
Ҷашнвораи байналмиллалии "Рақс моро муттаҳид месозад" имрӯз ба поён расида, бахшида ба пӯшидашавии он барномаи консертии бошукӯҳ бо иштироки раққосони кишварҳои гуногун баргузор мегардад.