Вохӯрии соҳибкорзанони тамоми Осиёи Марказӣ дар Душанбе

© Фото : Посольство США в ДушанбеИштироккунандагони форуми тиҷоратӣ дар Душанбе
Иштироккунандагони форуми тиҷоратӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Занони Тоҷикистон ба тамоми мушкилиҳо нигоҳ накарда, дар соҳаи тиҷорат, бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, саноат ва ҳатто сохтмон низ фаъолият мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Душанбе форуми дурӯзаи занони тоҷир оғоз гардид, ки дар он намояндагони бизнес- ассотсиатсияҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.

Форум чорабинии ниҳоии Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гардид.

Иштирокдорон масоили ҳамгироиҳои минтақавӣ ва рушди тиҷорати занонро баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин занони роҳбари ассотсиатсияҳо и тиҷоратӣ мушкилиҳо ва имкониятҳои ҳамгироии минтақавиро бо роҳҳои васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии занон баррасӣ карданд.

Соҳибкорзани сол2016 —ҶоизаиФараҳ-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон соҳибкорзани беҳтаринро интихоб намуданд

Дар рафти форум сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард қайд намуд, ки Тоҷикистон дорои қувваи бузурги кории занона мебошад, ки он метавонад боиси рушди иқтисоди миллӣ гардад.

Ташкилотҳои зиёде ҳастанд, ки барои ассотсиатсияҳои занони Тоҷикистон кӯмак мерасонанд,- гуфт Миллард.

Вай ҳамчунин қайд намуд, ки бояд ҳамкориҳои байни ассотсиатсияҳои занон ва ташкилотҳои тамоми кишварҳои минтақаро  рушд бахшид.

Маблағгузорӣ ба занон калиди рушди ҷамеа ва коҳиш ёфтани камбизоатӣ мебошад. Дар чорабинӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон қариб 100 нафар занони соҳибкор иштирок намуданд- намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ ва ҷамъиятҳои байналмиллалӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ аз Осии Марказӣ ва ҳамчунин маблағгузорони хориҷӣ ва дохилӣ.

Дар итмоми форуми тиҷоратии занона намоишгоҳи маҳсулотҳои нассоҷӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва технологӣ баргузор гардид, ки худи занони соҳибкори Тоҷикистон  онро истеҳсол намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0