ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.Дар ноҳияи Отраднои Маскав гурбаи ҳор ҳафт нафарро газидааст, хабар медиҳад сомонаи расмии раёсати маҳаллӣ.
"Гурба тамоми тобистонро бо соҳибонаш дар хонаи заминӣ мегузаронад, аммо ӯро боре ҳам аз бемории ҳорӣ ваксина намекунанд",- нақл намуд Анна Авилова, мудири бойтории ноҳияи Отрадное.
Вақте ки соҳибони гурба ба хона бар гаштанд, ҳис намуданд, ки гурбаашон хароб шуда, ба хӯрдани хӯрок майл надорад. Онҳо мехосатнд, ки онро муолиҷа кунанд, аммо гурбае, ки пештар хело оромтабиат буд, акнун "бадхашм" гардида буд.
Бойторон гурбаро аз ташхис гузарониданд, аммо ин ҳайвони хонагӣ табобат нашуд.
Вобаста ба ин дар наҳия карантин эълон карда шуда, марказҳои эмкунии ҳайвонот ташкил шудаанд, ки сокинон метавонанд сагҳо ва гурбаҳоро ройгон сӯзандору кунанд.
Ба одамони аз гурбаи ҳор зарадида, кӯмаки зиддибактериявӣ мерасонанд. Бойторон тавсия медиҳанд, ки соҳибони ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла сагҳо ва гурбаҳо бояд ҳар сол талқин(приривка) кунанд. Одамоне, ки аз ҳайвони ҳор зарар дидаанд, бояд фавран ба маркази тиббӣ муроҷиат кунанд.