Дар КҲФ Тоҷикистон хадамоти психологӣ ташкил мешавад

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкОмӯзиши кормандони КҲФ, акс аз бойгонӣ
Омӯзиши кормандони КҲФ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назарзода қайд намуд, ки ташкил намудани хадамоти психологӣ барои идора муҳим аст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайъати Миссияи кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх(МКБСС) дар Тоҷикистон масъалаи дар КҲФ Тоҷикистон ташкил намудани хадамоти психолигиро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти идора.

"Ҳадафи ташрифи меҳмонон ҳамчунин муҳокимаи фаъолияти МКБСС ва дурнамои ҳамкориҳои кормандони КҲФ дар масъалаи омӯзиш дар соҳаи кӯмакӣ психоллогӣ ва психологию иҷтимоӣ мебошад",-омадааст дар хабар.

Дар рафти сухан Рустам Назарзода қайд намуд, ки ташили хадамоти психологӣ барои идора муҳим мебошад.

"Бо мақсади ташкил ва доир намудани чорабиниҳо оид ба дастгирии психологӣ барои фаъолияти касбии кормандони КҲФ ва расонидани кӯмакҳои психологӣ дар ҳолатҳои фавқуллода зарурати ташкил намудани ин хадамот мавҷуд аст",- гуфт ӯ.

Тарафҳо қайд намуданд, ки ташкил намудани хадамот барои рушди ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон муҳити хуби ҳамкорӣ бунёд месозад ва барои ба одамоне, ки ба ҳолатҳои фавқуллода гирифтор шудаанд, кӯмак мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0