Шукурҷон Зӯҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия во мехӯрад

© Sputnik / Григорий СысоевШукурҷон Зуҳуров, акс аз бойгонӣ
Шукурҷон Зуҳуров, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург меоянд ва дар он ҷо аз санаи 22-ум то 26-уми ноябр, барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зӯҳуров дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок мекунад.

Зӯҳуров санаи 22-уми ноябр ба Санкт-Петербург меояд  ва дар он ҷо бо раисони парлумони кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо раиси Думаи давлатии ФР Вячеслав Володин во мехӯрад.

Тарафҳои масоили рушди муносибатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳайъати парлумони Тоҷикистон то санаи 26-уми ноябр дар Русия мемонанд.

Лентаи хабарҳо
0