Вазири умури хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон меравад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВазири вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов. Акс аз бойгонӣ
Вазири вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари дурӯзаи вазири вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов санаи 24 ва 25-уми ноябри соли равон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Сафари дурӯзаи Ерлан Идрисов санаи 24 ва 25-уми ноябри соли равон дар назар аст.

Ҳамчунин аз 17 то 28-уми ҳамин моҳ ба Тоҷикистон сафирони Фаронса, Туркия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Шветсария, Шри-Ланка, Бангладеш, Ватикан, Зеландияи Нав, Малдова, Австрия, Юнон, Чехия, Италия ва Нидерландия барои супоридани эътимодномаҳо ба президенти Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунанд.

Ҳафтаи гузашта санаи 9 ва 10-уми ноябр як ҳайати воломақоми Русия таҳти роҳбарии муовини вазири вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасин ба Тоҷикистон омада буд.

Лентаи хабарҳо
0