Русия шумораи квотаҳоро барои зисти муваққатии хориҷиён 12% кам кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкҚатора аз Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Қатора аз Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи квотаҳо барои соли оянда дар қиёс бо соли 2016 зиёда аз 100 адад кам карда шуд.Соли 2017 танҳо 112 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар Русия соҳиби иҷозатномаи зисти муваққатӣ шаванд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Аъзоёни девони вазирони Русия қарор дар бораи кам кардани шумораи иҷозатномаҳои зисти муваққатиро барои шаҳрвандони хориҷӣ дар соли 2017 қабул карданд.

"Соли 2017 барои шаҳрвандони хориҷӣ 110 880 иҷозатномаи зисти муваққатӣ мувофиқи қонун дар субэктҳои Федератсияи Русия ҷудо карда шавад",-омадааст дар ҳуҷҷат.

Иҷозатномаи зисти муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

Ҳамин тавр ҳукумати Русия шумораи квотаҳоро дар қиёс бо соли гузашта то 11,9%  кам кард. Бино ба иттилои РИА Новости, қонуни мазкур рӯзи ҷумъа дар торномаи расмии девони вазирони кишвар нашр карда шудааст.

Соли 2016-125,9 ҳазор нафар соҳиби иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия гардида буд.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки шумораи квотаҳо бо пешниҳоди  мақомоти маҳаллии субэктҳои Федератсияи Русия бо дарназардошти вазъи муҳоҷират ва шарту шароити иқтисодии минтақаҳо муайян карда шудааст.

Ҳуҷҷати мазкур ба баланд бардоштани самарнокии ҷараёни муҳоҷират ва таъмини истифодаи ягонаи меъёри қонунӣ  дар саросари Русия оид ба таъсиси квотаҳо барои гирифтани иҷозатномаи муваққатии зисти шаҳрвандони хориҷӣ равона гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0