Эрдуғон: мо мехоҳем муносиботамонро бо халқи бародар рушд диҳем

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Туркия Раыаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Туркия Раыаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки президенти Туркия мақбараи раисҷумҳури аввалини Узбакистон Ислом Каримовро зиёрат карда бо иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии кишвар Шавкат Мирзиёев вохӯрад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Роҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон шоми рӯзи 17-уми ноябр ба Узбакистон рафт, хабар медиҳад Akipress бо истинод ба хадамоти матбуоти президенти ҶУ.

Президенти Туркияро дар Самарқанд муовини нахуствазири кишвар Адҳам Икромов пешвоз гирифт.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тайиб Эрдуғон барои сӯҳбат бо Мирзиёев ба Самарқанд меравад

Имрӯз раисҷумҳури Туркия оромгоҳи президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримовро, ки аввоили моҳи сентябри соли равон аз олам даргузашт,  зиёрат хоҳад кард.

Баъди зиёрати оромгоҳ вохӯрӣ бо иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар назар аст. Ҷонибҳо муносиботи дуҷониба ва  масъалаҳои ҷаҳонию минтақавиро муҳокима хоҳанд кард.

"Мо мехоҳем муносиботамонро бо давлати бародарӣ рушд диҳем. Мо хоҳиши рушди ҳамкориҳоро аз ҷониби Узбакистон мушоҳида мекунем. Дар рафти сафари корӣ ба Узбакистон ман мехоҳам саҳифаи нави муносиботро кушоям",-изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ дар фурӯдгоҳи байналмилаллии Анқара, Тайиб Эрдуғон.

Лентаи хабарҳо
0