ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 41-сола муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки сокини 50-солаи ҳамин шаҳр ҳанӯз соли 2009-ум бо роҳи фиреб хонаашро фурӯхтааст ва маблағҳои ба дастовардаашро бар намегардонад.
Сокини 50-солаи шаҳри Хуҷанд ба боварии мард даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷандро ба маблағи 13500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, онро фурӯхтааст, омадааст дар хабар.
"Марди қаллоб қаблан тибқи моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст",- мегӯяд ҷабрдида.
Гумонбари ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, айни ҳол корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.