ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги сокини шаҳри Ваҳдат гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳодиса санаи 16-уми ноябри соли равон, тахминан соати 18:15-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Волсваген-Туарег", марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба тарафи ш.Душанбе, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст",-омадааст дар хабарнома.
Дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, сокини шаҳри Ваҳдат дар ҷои ҳодиса ҷон дод.