Масъалаи истифодаи об байни Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд

Обуна шудан
Ихтилофоти ҳукумати Ӯзбакистон боис мегардид, ки тайи солҳои зиёд сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба таъхир гузошта шавад. Аммо дар Тоҷикистон ҳароси Тошкандро барои фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ дар кишвар, ки чунин сарбанди баланд доранд, беасос хонданд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов масъалаҳои истифодаи захираҳои обиву энергетикиро дар минтақаъ муҳокима карданд, хабар медиҳад ВКХ Ӯзбакистон.

НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ Узбакистон: НБО Роғун ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад

"Санаи шонздаҳуми ноябр вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов ба ҳузури хеш муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Султон Раҳимзодаро  пазируфт",- омадааст дар хабар.

Мувофиқи маълумотҳои хадамоти матбуот  ҷонибҳо муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дар доираи истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Миёна баррасӣ намуданд.

Дар охири октябр Тоҷикистон ба сохтмони сарбанди НБО Роғун оғоз бахшид, ки мувофиқи нақша НБО Роғун бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастани ҷараёни дарёи Вахш шахсан иштирок намуда, ба сохтмони сарбанди НБО оғоз бахшид.

Ихтилофоти ҳукумати Ӯзбакистон боис мегардид, ки тайи солҳои зиёд сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба таъхир гузошта шавад. Аммо дар Тоҷикистон ҳароси Тошкандро барои фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ дар кишвар, ки чунин сарбанди баланд доранд, беасос хонданд.

Лентаи хабарҳо
0