ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.Самбочиёни тоҷик дар чемпионати ҷаҳон дар София се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгарон дар се фан ҳафт ҷоиза ба даст оварданд. Дар мусобиқа аз 80 кишвари дунё 500 варзишгар иштирок карданд. Онҳо дар 9 категорияҳои вазнии самбои варзишӣ байни занон ва мардон ва самбои ҳарбавӣ байни мардон мубориза бурданд.
Ба таркиби мунтахаби Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳон варзишгарони пешқадами кишвар дохил гардиданд. Аз ҷумла: Комроншоҳи Устопириён, Хушқадам Хусравов, Набимуҳаммад Хоркашев ва Акмалиддин Каримов.
Дар умум мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ ба даст овард. Онҳоро Комроншоҳи Устопириён (90кг), Ҷомии Ҳасан (52кг) ва Ҳамроз раҷабов (74 кг) ба даст оварданд.
Бояд қайд кард, ки Комроншоҳи Устопириён вақтҳои охир дар сабқатҳои самбо баромад намекард, балки бо таёрӣ ба Олимпиада- 2016 машғул буд, ки дар он дар ҷодаи дзюдо баромад менамуд. Ин дафъа варзишгар дар ҷодаи самбо, дар сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, медали нақрагӣ ба даст овард.