“Тоҷик эйр” барои қатъи парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ узрхоҳӣ кардааст

Обуна шудан
Ширкати ҳавоӣ дар ин самт тайёраҳои худро иваз карда наметавонад, зеро ба ин минтақаи баландкӯҳ танҳо АН-28 қодири парвоз кардан дорад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.Ширкати давлатии "Тоҷик эйр" дар бораи муваққатан қатъ намудани парвозҳои самти Душанбе- Хоруғ хабар дод.

Сабаби душвории мазкурро ширкат корҳои таъмирӣ дар тайёраи Ан-28 гуфтааст. "Тоҷик эйр" мегӯяд, ки дигар тайёраҳо аз сабаби релефи мушкилӣ баландкӯҳии минтақа ба ин самт парвоз карда наметавонанд.

Ширкати ҳавоӣ аз мусофирон барои ин камбудии муваққатӣ узрхоҳӣ кардаст.

Санаи аниқи барқароршавии парвозҳо то ҳол муайян карда нашудааст. Боқимонда сафарҳо бо низоми муваққатии худ ҷараён гирифта истодаанд.

© SputnikҲаракатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия
Авиасообщение между Таджикистаном и Россией - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0