Дар Маскав бахшида ба 80-солагии Оқохони IV консерт баргузор мегардад

Обуна шудан
Дар консерт Асаншои Саидик, Самандар Пулодов, Ақназар Аловатов, Мадина Ақназарова гурӯҳи Шамс ва Мутриб Шоискандаров иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар Маскав бо иштироки овозхонони машҳури Бадахшон, бахшида ба 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ консерти идона баргузор мегардад, хабар дод Аслишо Акимбеков раиси ташкилоти "Нур" ба Sputnik Тоҷикистон.

"Дар консерт  Асаншои Саидик, Самандар Пулодов, Ақназар Ҳаловатов, Мадина Ақназарова гурӯҳи Шамс ва Мутриб Шоискандаров баромад мекунанд",-гуфт ӯ.

Консерт бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии "Нур", рӯзи 11-декабр дар толори консертии "Россия" воқеъ дар кӯчаи Лужники 24 бинои 2 баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар чорабинии фарҳангӣ иштироки Театри драммавии шаҳри Хоруғи ба номи М.Назаров дар назар аст. Ҳунармандон намоиши "Даври Орифин"-ро пешкаши тамошобинон хоҳанд кард.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи факултаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассис, бунёнгузор ва сарвари "Шабакаи Рушди Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0