Дар Белорус рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон шурӯъ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевРақси кӯлобӣ. Акс аз бойгонӣ
Рақси кӯлобӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз, дар Белорус Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардид. Намояндагони Тоҷикистонро бо гулчанбар истиқбол карданд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус аз 10-уми ноябр то 14-уми ҳамин моҳ баргузор мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти фарҳанги ҶТ.

Нахуст дар Китобхонаи миллии Белорус рӯнамои тарҷумаи китоби А. Дударев "Аскарони қаторӣ", ки аз ҷониби мутарҷимони тоҷик таҳия шудааст, доир мегардад.

Сипас, дар Кинотеатри давлатии "Белорус " дар шаҳри Минск ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик сурат мегирад.

Сокинони шаҳри Минск метавонанд аз намоиши мусаввирони муосири Тоҷикистон, ки дар Нигористон (галерея)-и мусаввирии Михаил Савитский дар шаҳри Минск ташкил шудааст, баҳра баранд.

Ҳамчунин барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъати тоҷик дар саҳни Театри мазҳакавӣ-драмавии ба номи Дунин-Мартсинкевич дар шаҳри Бобруйск барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Бобруйск пешниҳод мешавад.

Лентаи хабарҳо
0