Дар Тоҷикистон муаллим, донишҷӯ ва талабаи беҳтаринро муайян карданд

© Sputnik / Виталий АньковДар дарс
Дар дарс - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз моҳи октябри соли ҷорӣ, ҳакамон дар муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мувофиқи талаботҳои озмун беҳтарин муаллимон, донишҷӯён ва талабагонро муайян карданд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik.Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни "Беҳтарин муаллим, донишҷӯ ва талабаи беҳтарин 2016" муайян карда шуд, хабар медиҳанд сомонаи вазорати кишвар.

Озмун  бо мақсади ташкил ва тарғиботи навоварӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам баргузор гардид.

Аз моҳи октябри соли равон сар карда, мувофиқи талаботҳои озмун ҳакамон дар муассисисаҳои таҳсилотӣ беҳтарин муаллимон, талабагон ва донишҷӯёнро муайян карданд.

Аз ҷумла, озмун дар Консерваторияи миллии ба номи Сатторови Тоҷикистон, Донишкадаи санъати ба номи Турсунзода,  Донишкадаи давлатии санът ва дизайн, коледжҳо ва мактабҳои махсус баргузор гардид.

Пас аз он ба иштирокдорони озмуни мазкур вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода диплом ва ҷоизаҳои пулиро ба 9 муаллими беҳтарин, донишҷӯи беҳтарин ва талабаи беҳтарин супорид.

Лентаи хабарҳо
0