ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сокини 31-солаи Конибодом дар пайи садамаи нақлиётӣӣ вафот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Рӯзи 8-уми ноябри соли равон тахминан соати 21:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри мазкур, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 31-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.