Сокинони шаҳри Душанбе 6 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

© Sputnik / Владимир ПесняМаҳбас. Акс аз бойгонӣ
Маҳбас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки гунаҳкорон бо аъзоёни гурӯҳи ҷиноии ДИ алоқа карда, нияти ба қатори онҳо шомил шуданро доштаанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ду нафар сокинони пойтахти Тоҷикистон, ки нияти шомил шудан ба сафи гурӯҳи ҷиноии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро доштанд ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуданд, хабар дод намояндаи дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон.

"Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев ва Ривоҷиддин Бобохонов аз тарафи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иттиҳоми шомил шудан ба қатори ҷангиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ, ба  шаш соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуданд",-гуфт ӯ.

Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки гунаҳкорон бо аъзоёни гурӯҳи ҷиноии ДИ, тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет алоқа карда, нияти ба қатори онҳо шомил шуданро  доштаанд.

Хоҷаабдуллоев замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан, дар ФР моҳи марти соли 2016 бо мақсади шомил шудан ба сафи ҷангиёни ДИ аз Екатеринбург ба Истамбул парвоз мекунад ва дар он ҷо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Бобохонов бошад, аз тарафи кормандони пулиси Русия моҳи августи соли 2016 зимни парвоз ба самти "Маскав-Боку-Истамбул" боздошт гардид.

Лентаи хабарҳо
0