Москалкова аз ҳукумати Русия барои депорти муҳоҷирон маблағ хост

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкМаркази нигоҳдории муҳоҷирон дар ФР. Акс аз бойгонӣ
Маркази нигоҳдории муҳоҷирон дар ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастгоҳи омбудсмен бо пешниҳоди бастани шартнома байни Русия ва якқатор кишварҳо барои ҷудо намудани маблағ ба депорти муҳоҷироне, ки қонуни буду боши кишварро вайрон кардаанд, баромад кард

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дастгоҳи омбудсмен бо пешниҳоди ҷудо намудани маблағ барои депорти муҳоҷирон аз қаламрави Федератсияи Русия ба ҳукумати ФР муроҷиат кард, изҳор дошт ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова.

"Бо ибтироки ваколатдорони ҳуқуқи инсон, ки ин масъаларо бардоштанд, мо ба ҳукумати ФР оиди ҷудо намудани маблағ барои депорти муҳоҷирон ва бастани шартнома бо дигар кишварҳо муроҷиатнома навиштем",-гуфт Москалкова.

Владимир Путин-президенти Федератсияи Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Путин: барои мутобиқгардонии муҳоҷирон хадамоти махсус лозим аст

Дар баробари ин омбудсмен қайд кард, ки шумораи муроҷиатномаҳо оиди масъалаҳои муҳоҷират дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд шудааст.

"Чунин вазъият барои муҳоҷироне, ки  бояд аз кишвар берун карда шаванд мушкил аст",-қайд кард ӯ.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ то охири соли 2015 дар Русия зиёда аз 10 миллион шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла-8,7 миллион аз кишварҳои ИДМ, наздики 1,5 миллион муҳоҷирон дар Русия дар давоми ним сол ғайриқонунӣ кор карда, зиёда аз 800 ҳазори онҳо дар давоми сол бидуни ҳуҷҷатҳои лозима дар қаламрави кишвар буду бош кардааст.

Лентаи хабарҳо
0