Президент Маҳтобшозода Арамбегимро раиси шаҳри Хоруғ таъин кард

© WikimediaШаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хоруғи ВМКБ Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромадаш аз вазифа озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дирӯз  раисҷумҳури  Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Азизи Азимбой бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Мирдадо Зариф — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шуд.

"Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи ВМКБ озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид",-омадааст дар иттилоия.

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи фармони дигари президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло — муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин бо амрҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод — мушовири бахши ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон — муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0