Ҷонибдорони Трамп ғолибияти ӯро қайд мекунанд, ҳаводорони Клинтон бошанд, аз натиҷаҳои ғайричашмдошти интихобот бо ҳайрат омада, ба хонаҳояшон бар мегарданд.
Доналд Трамп бо гирифтани 276 овози интихобкунандагон дар сабқати президентӣ аз Клинтон пеш гузашт. Миллиардер ҷонибдорони худро таҳният намуд ва изҳор дошт, ки тайёр аст аз ҳозир ба кори худ шурӯъ кунад.
"Интихобкунандагон на як гурӯҳи хос буданд, балки бештар ҳаракати бузургеро мемонданд. Ин ҳаракат аз тамоми шаҳрвандони Амрико, новобаста аз нажод, дин, гузашта ва ақидаи онҳо иборат буд. Онҳо, танҳо мехоҳанд ва интизорӣ мекашанд, ки ҳукумати мо ба халқ хидмат кунад. Ҳукумат ба халқ хидмат хоҳад кард. Мо дар натиҷаи фаъолияти якҷоя миллати кишварро барқарор мекунем ва орзуи амрикоиҳоро ҷомаи амал хоҳем пӯшонид",- гуфт Трамп дар баромади хеш.