ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Солнечногорски вилояти назди Маскав консерт таҳти унвони "Қувваи Русия-дар ваҳдати халқ аст", ки ба Рӯзи ваҳдат бахшида шуда буд, баргузор гардид, хабар медиҳад раёсати маъмурияти ноҳияи Солнечногорск.
Дар чорабнинии фарҳангӣ, ки дар хонаи фарҳанги "Выстрел", гузаронида шуд, ансамблҳои ҳунарии Маскав, вилоятҳои назди Маскав ва ҳамчунин ҳамояндагони Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина, Арманистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро дар консерти мазкур намояндагони сафорати Тоҷикистон дар ФР, ҳунармандони ансамбли "Гулчин" сароянда Аскарали Гулов ва дигарон намояндагӣ карданд.
Дар долони хонаи фарҳанг барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумии миллатҳои гуногун ва ҳамчунин хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда буд.
"Мо дер боз ба ин консерт омодагӣ мебинем. Аз байни ҳамаи иштирокчиён танҳо гурӯҳи мо бо чор номераи консертӣ баромад кард, дигарон танҳо як номераи консертӣ пешкаш намуданд",-изҳор дошт ҳунарманд, Фарҳод Ҷонмаҳмадзода ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфти ӯ ба тамошобинон рақсҳои якка ва ҳамроҳ пешкаш карда шуда, ҳамчунин суруд дар иҷрои Гулов пешниҳод гардид.
"Консерт дар сатҳи олӣ гузашт. Меҳмонон моро хеле хуш пазируфтанд. Тамошобинон аз баромади мо дар ҳайрат монданд",-гуфт ҳунарманд.
Дар охири консерт намояндагони ҷавони Тоҷикистон бо либосҳои милӣ ба саҳна баромаданд.
"Духтарон ба тан либосҳои миллӣ ва ҳар як вилоятро ба меҳмонон муаррифӣ карданд-ВМКБ, Суғд, Хатлон. Дар консерт кӯдакони зиёде иштирок доштанд ва баъди баромади духтарони тоҷик ба наздашон омада мегуфтанд: "Ана малика!, Ин малика ҳаст!",-гуфт бо табассум Фарҳод ва илова кард, ки кӯдаконро либоси рангоранги духтарони тоҷик дар ҳайрат гузошта буданд.
Ба қавли ӯ аксари тамошобинон аз волидонашон хоҳиш мекарданд, то онҳоро бо духтарони дар тан либосҳои миллӣ аксбардорӣ кунанд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ дипломҳои махсус cупорида шуд.
Рӯзи ваҳдат ҳамасола санаи 4-уми ноябр шурӯъ аз соли 2005-ум инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба хотири ҳодисаи соли 1612 замоне, ки халқи рус таҳти роҳбарии Кузма Минина ва Дмитрий Пожарский Маскавро аз дасти намояндигони Лаҳистон озод карданд. Таърихан ин ҷашн бо ба итмом расидани замони Номуайянӣ дар Русия (асри XVII) вобаста аст.