Дар кӯчаҳои шаҳри Маскав, боғҳои истироҳатӣ, майдонҳо, чароғҳои рангоранги меъморӣ насб карда шудаанд. Барномаи ороиши шаҳр дар якҷоягӣ бо лоиҳаи "Шаҳрванди фаъол", ки дар он зиёда аз 300 ҳазор нафар иштирок карда, назари худро пешниҳод намудаанд, роҳандозӣ шудааст.
Бино ба муаллифони лоиҳа, чароғҳои рангоранг таъби касро хуш карда, дар лаҳзаҳои хунуки ҳаёт ба шахс гармӣ мебахшад.

Чароғҳои фурӯзон табъи касро болида мегардонанд.

Дарахтони шаҳри Маскав низ бо чароғҳои фурӯзон оро дода шудаанд.

Чароғҳо барои растаниҳо, одамон ва ҳайвонот зарар надоранд, чунки дар онҳо қувваи барқи аз 12 то 24 волт истифода шудааст.

Маркази пойтахти Русия бо чунин чароғҳои тобони шакли дил дошта, оро дода шудааст.

Духтарон дар назди чароғҳои фурӯзон аксбардорӣ мекунанд.

Лоиҳаи чароғҳои фурӯзони шоми Маскав то 1 апрели соли 2017 идома мекунад.