КҲФ-и Тоҷикистон аз боришот ва сардии ҳаво хабар медиҳад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкБорони шадид. Акс аз бойгонӣ
Борони шадид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар бастагӣ бо пурзӯр шудани шамол ва боришот кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, то эҳтиёткориро аз даст надиҳанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи паст шудани ҳарорати ҳаво хабар медиҳад.

"Аз 3-ноябр то 4-уми ҳамин моҳ дар қаламрави Тоҷикистон (ғайр аз ВМКБ) паст шудани ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар пайи он боришоти шадид ва шамоли сахт пешгӯӣ мешавад",-хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Ҳарорати ҳаво 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои табеъи марказ боришоти  шадид пешгӯӣ карда мешавад.  Дар баробари ин санаи 4-ноябр дар ноҳияҳо ва ҷануби Тоҷикистон шамоли сахт дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0