ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бо пешниҳоди президенти Академияи рассомони Русия Зураб Константинович Сиретелей рассоми навовари тоҷик Зокир Собиров ба узвияти Академияи рассомони Русия қабул гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.
Охири моҳи сентябр Зокир Собиров бо мусаввараҳои худ дар намоишгоҳи байналхалқии "Арт ЭКСПО —2016" дар шаҳри Дунхуани Ҷумҳурии Халқии Чин иштирок кард.
Президенти Академияи рассомони Русия Зураб Константинович Сиретелий дар намоишгоҳ осори рассоми тоҷикро дида, ба ӯ баҳои баланд дод ва ба Президиуми академия пешниҳод кард, ки Зокир Собиров ба узвияти Академияи Рассомони Русия қабул шавад.
"Санаи 18 октябри соли равон Собиров Зокир дар шаҳри Маскав бо шаҳодатнома, нишони тиллоӣ, дафтарчаи узвият ва ифтихорномаи Академияи рассомони Русия қадрдонӣ шуд",-омадааст дар иттилоия.
Боиси тазаккур аст, ки равияҳои параллелизм ва материал-изм равияҳои навтарин дар санъати тасвирии ҷаҳонӣ буда, дар Амрико, Чин ва Русия эътироф гардидаанд. Зокир Собиров яке аз асосгузорони ин ду равияи ҷаҳонӣ: параллелизм (нурворизм) ва материал-изм (танворизм) дар кишвар мебошад.