Дар Тоҷикистон адвокатҳо бо соҳибкорон баробар шуданд

© AFP 2023 / DAMIEN MEYERМуҷассамаи олиҳаи судии Фемида. Акс аз бофгонӣ
Муҷассамаи олиҳаи судии Фемида. Акс аз бофгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне ки аз Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, аз 31-уми октябри соли 2016 сар карда, ҳамаи адвокатҳое, ки бо фаъолияти инфиродии адвокатӣ машғул мебошанд, бо соҳибкорон баробар карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Мувофиқи фармони раиси Кумитаи андози ҶТ Нусратулло Давлатзода адвокатҳо акнун ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ андоз месупоранд.

Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Риояи ҳуқуқи инсонро дар ниҳодҳои ҳукуматӣ назорат мекунанд

Ин қарор аллакай моҳҳои аввали сентябр қабул карда шуда буд, аммо дар саҳифаи кумита бошад, танҳо 31-уми октябр пайдо гардид.

Мувофиқи қарори мазкур адвокатҳои Тоҷикистон ӯҳдадор карда мешаванд, ки ба мисли соҳибкорон ду намуди андоз супоранд.

Мувофиқи ин қарор, акнун адвокатҳои мустақил андози соддакардашуда аз даромади умумиро дар ҳаҷми 6% пардохт мекунанд. Қаблан онҳо танҳо андози иҷтимоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 1%-ро пардохт мекарданд.

Адвокатҳо дар шӯъбаҳои андоз бо иҷозатномаҳояшон, ки аз вазорати адлия ба даст овардаанд, бояд  ба қайд гирифта шаванд. Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон барои адвокат шуда фаъолият намудан, бояд дар вазорати адлия аз имтиҳон гузаранд ва иҷозатнома гиранд.

Ҳоло тибқи ин гуна иҷозатномаҳо дар Тоҷикистон 460 нафар ҳимоягарони ҳуқуқи шаҳрвандон фаъолият мекунанд.

Пеш аз ин дар Тоҷкистон қариб 2000 адвокатҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

Ба ғайр аз ин дар кишвар ба фаъолияти адвокатӣ шаҳрвандоне машғул гардида наметавонанд, ки доғи судӣ доранд ва ё шаҳрванди ду кишвар ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0