ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд бо иштироки зиёда аз 100 нафар, барои аввалин бор диктанти хаттӣ аз фанни забони узбекӣ гирифта шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба оҷонсии "Жахон".
Мақсади гирифтани диктант, баланд бардоштани сатҳи дониши шаҳрвандон аз фанни забони узбекӣ буда, он аз ҷониби Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус дар якҷоягӣ бо маркази UZINFOCOM ва макотиби олии шаҳри Тошканд гузаронида шуд.
"Чорабинӣ ба 27-умин солгарди тасдиқи забони узбекӣ, чун забони давлатии кишвар бахшида шудааст. Дар аксия ҳамаи хоҳишмандон новобаста аз синну сол ва касбу кор ширкат карданд",-гуфт сухангӯи хадамоти матбуоти UZINFOCOM, Зумрад Шоҷалилова.
Диктанд дар як вақт дар шаш ҷой баргузор карда шуд. Дар ҳар донишгоҳ дониши иштирокчиёни аксия таҳти хониши муаллимони макотиби олӣ аз рӯи китоби президенти аввалини кишвар Ислом Каримов-"Маънавиёти баланд-қувваи мағлубнашаванда" санҷида шуд.
Дар аксия хонандагони мактабҳо, донишҷӯён, намояндагони ташкилотҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ширкат карданд.